Мақоми зан дар Саразми бостонӣ
Бахшида ба 5500 солагии Саразм, ки ёдгории тахрихии аҳди бостон аст, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон (UNFPA) Конференсияи илмӣ – амалии “Мақоми зан дар Саразми бостонӣ”- ро баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории Конференсия арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва ёдгориҳои таърихи куҳани кишвар мебошад, ки Саразм аз шумули онҳост. Ҳанӯз соли 2000 ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид. Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқотии илмии ин мавзеи таърихӣ дар бисёр анҷуману ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Италия, Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Қирғизистон ва кишварҳои Африқо мавриди баррасии олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо мақсади арзёбии нақш ва мавқеи занон дар Саразми бостонӣ дар конференсия, ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ходимони илмии мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Юнеско, Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон, сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳо доир гардид, маърӯзаҳои илмии олимону олимањои тоҷик шунида шуданд. Кори Конференсияи илмӣ – амалӣ аз ҷониби олимон – таҳқиқгарон баҳои баланд гирифт.