Ба номзади арзанда овоз медиҳем!
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи муштарак дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишии “Занон ва интихобот” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби бештари занон барои иштирок дар интихобот ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур муовини Раиси Кумита Абдуллозода У., узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизова М., самутахассиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода М., муовини якуми Раиси шаҳри Ваҳдат, намояндагони САҲШ, шуъбаи корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.