Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳама ба интихобот

17 сентябри 2020, панҷшанбе

        Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Осорхонаи маразии шаҳри Турсунзода ҳамоиш таҳти унвони «Зан ва интихобот» бо иштироки фаъолзанони шаҳри Турсунзода доир гардид. Дар рафти ҳамоиш Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З., раисаи Кумитаи кор бо занон ва оила Қурбонзода Ҳ.Ҷ., Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П. ва муовини Раис шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Ф., иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти ҳамоиш  вакилон ва фаъолзанони шаҳр низ вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида баромад ва ибрози ақида намуданд.

Поделиться в