Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан мазҳари покизагист

19 сентябри 2020, шанбе

Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 доир мегардад, кормандони Кумита бо ҷалби аҳолӣ шанбегиҳо таҳти унвони "Зан мазҳари покизагист"-ро мунтазам ба роҳ монда дар ин раванд оид ба ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гул ва зебо намудани гулгаштҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, риояи талаботи санитарию гигиенӣ бо сокинони шаҳр суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд. Шанбегии навбатӣ дар назди бинои Кумита  доир гардида, бо истиқоматкунандагони биноҳои истиқоматии назди бинои Кумита оид ба тозаву озода намудани ҷой ва макони зист суҳбатҳо анҷом дода шуданд.

Поделиться в