Нақши занону модарон дар таҳкими сулҳу субот
Ба хотири таҷлили арзандаи Рӯзи байналмилалии Сулҳ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон санаи 21 сентябр қайд карда мешавад, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Конференсияи назариявии «Нақши занону модарон дар таҳкими сулҳу субот»-ро бо иштироки Шӯрои занони сулҳофари назди Кумита, намояндагони Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон, Намояндагони аҳаллиятҳои миллӣ ва кормандону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» доир намуд. Раиси Кумита Қурбонзода Ҳ.Ҷ. иштирокдорони Конференсияро ба ин рӯзи таърихӣ сидқан шодбош гуфта, арз доштанд, ки таҷлили имсолаи Рӯзи сулҳ ба марҳилае рост омадааст, ки миллату давлат, аҳли ҷомеа ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нерӯю қувваи созанда, ташаббусҳои бунёдкорона омодагии ҳамаҷонида дида истодаанд ва итминони комил бар он дорем, ки занону бонувон ба номзади арзанда, ки тақдири халқу миллат ва давлатро дар 7 соли минбаъда муайян мекунад, райъи худро медиҳанд. Ва албатта, интихоби мо, занону модарон, фарзанди фарзонаи модари тоҷик, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо сиёсати сулҳхоҳонааш ба дастовардҳои беназири миллӣ - сулҳу субот, Ваҳдату Истиқлолияти комили Ватан ноил гардида, ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузошта истодаем. Вале, набояд фаромӯш кард, ки ин дастовардҳои бузурги миллати тоҷик бар ивази қурбониҳои зиёди занону модарон, падарону бародарон ва фарзандони мо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст омаданд. Солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занону модаронро ба гирдоби худ кашида буд. Ҷонфидоиҳову ғамхории модарону бонувон дар таҳкими сулҳу субот пурарзиш буда, ҳамаи онҳое, ки он рӯзҳоро дар ёд доранд, хуб медонанд, ки ба чӣ қадар талошҳо миллат аз парокандашавию давлат аз нестшавӣ раҳоӣ ёфт. Маҳз ҳамин талошҳо буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст овард, Сарвари ғамхори давлату миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшу ҷойгоҳи занон дар ҷомеа диққати доимӣ зоҳир намуда, ҳуқуқу озодиҳояшонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Иштирокдорони Конференсия тибқи Барнома ба сухан баромада, аз дастоварду муваффақиятҳои занону модарони тоҷик дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, даъвати ҷавонону наврасон ба ватандорию инсондӯстӣ, вусъати корҳои созандагӣ, таҳкими муносибатҳои оиладорӣ ва бунёди ҷомеаи солим андешаронӣ намуданд.