Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Интихоби номзади арзанда

22 сентябри 2020, сешанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯриву суҳбатҳои судманд миёни занону модарон баргузор намуда истодааст. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо миёни занон, ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи навбатӣ аст. Дар асоси нақша чунин вохӯриҳо дар дурдасттарин деҳаҳо идома дошта, маводҳои иттиллоотӣ  вобаста ба мавзӯъ тақсим карда мешаванд.

Поделиться в