Ҳамоиши судманд
Тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки фаъолони касбу кори гуногун ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Зикр гардид, ки иштироки занон дар интихобот – ин аз пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Вобаста ба мавзӯи болозикр як зумра чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор гардида, маводҳои иттиллоотӣ миёни сокинони ҷамоатњои деҳоти ноҳия паҳн карда шуданд.