Ҳама ба интихобот
Бахши кор ба занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни занону духтарони ҷамоати Ҷиргатоли деҳаи Майдонтерак, ҷамоати деҳоти Сурхоби деҳаи Шилбитӣ, ҷамоати деҳоти Янгишаҳри деҳаи Кашкатерак, ҷамоати деҳоти Пилдони деҳаи Сайрон гузаронида, чунин суҳбат – вохӯриҳо дар якҷочгӣ бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо донишандӯзони коллеҷҳои ноҳиявӣ низ доир гардиданд. Бо мақсади таъмини иштирок дар маъракаи интихоботӣ бахши кор бо занон ва оила аз ҳолу аҳволи пирону маъюбони барҷомонда хабар гирифта, бо эшон суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.