Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар боғи Алишери Навоӣ
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Кумита бо маќсади ҷалби аҳолӣ, махсусан занону бонувон ба раванди интихоботи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳамзамон, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар боғи истироҳатии Алишери Навоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ дар шакли буклет таҳти унвони “Зан ва интихобот”, “COVID-19 ва осебпазирии занон” бо ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуд.