Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳама ҳуқуқи баробари интихоб доранд

23 сентябри 2020, чоршанбе

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Роғун тибқи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони меҳнат, фаъолони касбу кори гуногун ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки барои иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардону занон ҳуқуқҳои баробари интихоботӣ доранд ва овози ҳар як сокини мамлакат ҳалкунанда мебошад.

Поделиться в