Модарон ҷонибдори сулҳ
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занону модарон дар маъракаи интихоботӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, дар ҷамоатҳои Тавилдара, Чилдара бо иштироки занону духтарони ҷамоатҳои номбурда суҳбату вохӯриҳо баргузор намуд.