Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Интихоби дуруст – ояндаи шукуфони мо

24 сентябри 2020, панҷшанбе

Аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷкиобод бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян анҷом дода шуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо фаъолзанон ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ҷалби занони хонанишин, иштироки фаъоли онҳо дар интихобот ва ба нашр расонидани маводҳо дар рӯзномаи ноҳиявӣ, ташкили аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони “Интихоби дуруст – ояндаи шукуфони мо” дар маркази ноҳия ва кӯчаю маҳаллаҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо занону бонувони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ идома доранд.

Поделиться в