Пешгирии covid-19 дар байни аҳолӣ
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 23-юми сентиябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ гузаронида, ба донишҷӯён ва шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ дар шакли буклет таҳти унвони “COVID-19 ва осебпазирии занон” ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуд.