Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Хиёнат бахшида нахоҳад шуд

24 сентябри 2020, панҷшанбе

Санаи 23-юми сентябри соли равон дар толори Кумита бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” филми “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд. Қабл аз оғози намоиш Раиси Кумита ба кирдорҳои манфури наҳзатиён, ки ба миллату давлат зарари моддию маънавӣ расонда, ҳазорон – ҳазор модарону хоҳарон, падарону бародаронро аз ғоратгароиву одамрабоӣ то ба қатл расондан қарор доданд, ҳарф зада, насли ҷавони кишварро ба ҳаёти созандаю бунёдкорона ҳидоят намуданд. Пас аз тамошои қисмҳои 4 ва 5 –уми филми “Хиёнат” кормандони Кумита ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” амалҳои ноҷавонмардона ва террористонаи гурӯҳҳои нохалафи ҲНИТ–ро ҳамаҷониба маҳкум намуда, бо нафрати модарона рафторҳои ваҳшиёнаашонро зери тозиёнаи танқиду таҳқир қарор доранд.Зикр доштанд, ки новобаста аз он ки  хизматчии давлатӣ ҳастем, пеш аз ҳама модар, хоҳар ва ҳамсарем, ки ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат ва сарҷамъию якдилии миллату Ватанем.

Поделиться в