Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ва интихобот

25 сентябри 2020, ҷумъа

            Бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштироки фаъолона дар интихобот бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни аҳли ҷомеа ва донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ мулоқоти судманд баргузор гардид. Зикр карда шуд, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандист. Ва аз иштирокчиёни даъват ба амал оварда, шуд, ки дар ин маъракаи ҳаётан муҳим фаъола ширкат варзида, тақдири ояндаи худ ва давлату миллатро барои 7 соли минбаъда муайян намоянд.

Поделиться в