Ваҳдати миллӣ муборак!
Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрўзҳо бояд тамоми мардуми кишвар аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ-иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Ба ҳамин хотир, кулли сокинони Тоҷикистони азизро бо ин ҷашнвораи муҳими сиёсӣ, неъмати бузург ва муқаддас, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рўзгори мардум аз он ибтидо мегирад, табрик намуда, тансиҳатӣ, муваффақияту музаффарият ва хушбахтӣ дар зиндагӣ орзумандем.