Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи корӣ

25 сентябри 2020, ҷумъа

           Рӯзи 24 сентябри соли 2020 дар бинои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ ҷиҳати муҳокимаи қисми гендерии лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Дар вохӯрии корӣ аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои кишвар, инчунин коршиносони миллӣ, намояндагони шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок доштанд. Миёни иштирокдорони чорабинӣ табодули назар сурат гирифта, дар қисмати ҷамъбастии он пешниҳодот манзур гардид.

Поделиться в