Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Суҳбатҳои муфид дар боғи С.Айнӣ

26 сентябри 2020, шанбе

Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади ҷалби аҳолӣ, махсусан занону бонувон ба раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳамзамон, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар боғи истироҳатии Садриддин Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ дар шакли буклет таҳти унвони “Зан ва интихобот”, “COVID-19 ва осебпазирии занон” бо ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуд.

Поделиться в