Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тозагӣ гарави сиҳатии ҷомеа

26 сентябри 2020, шанбе

           Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегиҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, дар ин раванд оид ба ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гул ва зебо намудани гулгаштҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, риояи талаботи санитарию гигиенӣ бо сокинони шаҳр суҳбату мулоқотҳо баргузор гардиданд. Дар рафти корҳои тозакунии гирду атроф ба сокинони ноҳия ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотии “COVID-19 ва осебпазирии занон” тақсим карда, бо шаҳрвандон суҳбатҳои инфироди анҷом дода шуданд.



Поделиться в