Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд

28 сентябри 2020, душанбе

Дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқии занону бонувон, ҷавонон ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаи интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот вохӯрии судманд  баргузор гардид.
         Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ – Саъдизода Ҷаҳонгир, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинова Рисолат, намояндаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Абдуазизиён Абдурашид, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Абдураҳимзода Маҳбубахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Поделиться в