Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Интихобот ва занон

28 сентябри 2020, душанбе

Аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқотҳо ва аксияҳо таҳти унвони “Зан ва интихобот”, “Ҳама ба интихобот”, “Овози Шумо муҳим ва ҳалкунанда аст!” ва “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!”  дар нуҳ ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти ноҳия баҳри  фаъолона ширкат намудани занону ҷавондухтарон гузаронида шуд.  Мақсад  аз баргузории вохӯриву мулоқот ва аксияҳо  ин фаҳмонида додани моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, таъмини иштироки занон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.  Ҳангоми мулоқотҳо қайд карда шуд, ки мардон ва занон ҳуқуқҳои баробари интихоботӣ доранд. Занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами  ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд. Бале, имрӯзҳо пешрафти дилхоҳи ҳар соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Занони тоҷик ҳамчун нерӯи офарандаву созанда ва тарбиятгари насл дар пешрафти тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ширкати фаъолона доранд.

Поделиться в