Вохӯри дар доираи маъракаи “Зан ва интихобот”
Дар толори Қасри маданияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷомеа бахусус, занону бонувон бо иштироки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раисони ҷамоатҳо ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаи интихоботӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Зан ва интихобот» баргузор гардид.