Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯри дар доираи маъракаи “Зан ва интихобот”

29 сентябри 2020, сешанбе

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва ҷамоати деҳоти Ғозиён бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар маъракаи сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ӯғулой Ҳоҷиебоева, Раиси кор бо занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Мадинахон Салимзода, Раиси шурои занони ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов - Баротова Мавзуна, Раиси шурои занони ҷамоати деҳоти Ғозиён - Холматова Шаҳодат, раисони маҳаллаҳо ва занони фаъоли ҷамоат дар мавзӯи «Зан ва интихобот» суҳбату вохӯриҳо доир гардид. Дар ин раванд дар фазои кушод бо чинакчиёни ҷамоати деҳоти Хистеварз оид ба иштироки фаъол дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳои самимӣ анҷом дода шуд.

Поделиться в