Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ояндаро бо ҳам месозем

30 сентябри 2020, чоршанбе

Дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зан ва интихобот: «Ояндаро бо ҳам месозем» гузаронида шуд. Дар мулоқот мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, олимон, устодони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, раисони Шӯрои занону духтарони донишгоҳҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият дар самти занон дар мавзӯи: “Занон ва интихобот: вазъи муосир ва дурнамои рушд” суханронӣ намуда, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои занони вилоят Мадина Набизода дар мавзӯи «Интихобот раванди демократикунонии ҷомеа», мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилоят Мадина Салимзода дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва бартариҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ», омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Дилбар Ғафурзода дар мавзӯи «Саҳми бонувон, сиёсатмадорон дар рушди ҷомеаи тоҷик» ва донишҷӯи бахши якуми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нафиса Бобоҷонова дар мавзӯи «Интихобот рукни ҷомеаи демократӣ аст!» баромад намуданд. Ба иштирокчиён аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оила 100 адад маводи иттилоотӣ таҳти унвони «Зан ва интихобот» ва «Ҳама ба интихобот» дастрас карда шуд. Мулоқот бо маслиҳатҳои муфид барои ҷавонон хотима ёфта, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Поделиться в