Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи якум

02 августи 2019, ҷумъа


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011, №АП-1729 ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи Нақшаи ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2019 аз 09.07.2018, №26/10-172 санаи 01.08.2019 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъдаи Кумита нишасти хабарӣ баргузор намуд.

            Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ намояндагони аксар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла: шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ТВ “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “Баҳористон”, “Мир”, радиои “Тоҷикистон”, АМИТ “Ховар”, “Садои Душанбе”, “Ховар”, “Овози тоҷик”, “Озодӣ”, Агентии иттилоотии “Авеста”, рўзномаву маҷаллаҳои “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Народная газета”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, “Боҷу хироҷ”, “Халқ овозӣ”, “Фараж”, ҷамъ 27 нафар хабарнигорону рўзноманигорон иштирок намуданд.

            Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Кумита гузориши таҳлилӣ оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 манзур гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рўзноманигорон доир ба масоили гуногуну мубрами рўз, аз қабили афзоиши бекоршавии ақди никоҳ (талоқ): сабабу омилҳо, кўмак ба ҷабрдидагони зўроварии хонаводагӣ, худкушӣ: сабабу омилҳо,

тадбирҳои кумита дар самти дастгирии занони аз маҳбас озодшуда, вазъи сиёсию иҷтимоии занони дар наздикии сарҳад иқоматдошта, чораҷўии кумита ҷиҳати пешгирии пошхўрии оилаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои занону бонувон саволгузорӣ намуда, аз ҷониби Раис ва кормандони Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд.

Поделиться в