Гардиши иттилоотӣ
Санаи 30.09.2020 аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардишҳои иттилоотӣ таҳти унвони “Зан ва интихобот” дар деҳаи дурдасти Обиборики ҷамоати деҳоти Далёни Боло ташкил ва баргузор гардид. Ҳамзамон, масъалаи ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва пешгирии никоҳи бармаҳал дар гардиши хона ба хона мавриди баррасӣ қарор дода шуд.