Нақши оила дар таҳкими забондонии фарзандон
Бахшида ба бузургдошти таҳлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, омӯзгорону донишҷӯдухтарони макотиби олии кишвари Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши оила дар таҳкими забондонии фарзандон» Конференсияи назариявӣ доир гардид. Дар кори Конференсияи иштирокдорон нуқтаи назари худро андар фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатиро касб намудааст, иброз намуданд. Қайд карда шуд, ки бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Аз ин рӯ, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, забони модариро ба фарзандони худ омӯзонем, зеро забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад. Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар, ки гаҳворабони забони адабӣ аст, ёд мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як зан, духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин ба поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса дода, дар тарбияи фарзанди солиму солеҳа нақши муассир гузошта тавонад. Конференсияи назариявӣ бо шарҳи китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ба кори худ ҳусни хотима бахшид.