Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ва интихобот

05 октябри 2020, душанбе

 

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо шуъбаву бахшҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву суҳбатҳои судманд миёни занону модарон баргузор намуда истодааст. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо миёни занон ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи навбатӣ буда, ба шаҳрвандон маводҳои иттиллоотӣ  вобаста ба мавзӯъ тақсим карда шуданд.

Поделиться в