Суханронии Раиси Кумита дар Маҷмааи Умумии СММ
Даҳаи аввали моҳи октябри соли 2020 дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд бахшида ба 25 солагии чорумин Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба масъалаи занон таҳти унвони “Татбиқи баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занону духтарон” баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба таври фосилавӣ тариқи видео-паём муаррифӣ намуд.
Зимни баромад хонум Қурбонзода Ҳ. Ҷ. оид ба нақши муҳими Эъломияи Пекин ва Нақшаи амали он дар мусоидат ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занону духтарон дар тамоми ҷаҳон ишора намуда, дастовардҳои назарраси кишварро бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қайд намуд.