Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таъмини баробарии гендерӣ – афзалияти рушди устувор

06 октябри 2020, сешанбе

 

Муҳтарам Президенти Ассамблеяи Генералӣ,

Муҳтарам Котиби Генералӣ,

Муҳтарам иштирокдорони ҷаласа,

 Бароям боиси ифтихори бузург аст, ки дар ҷаласаи тантанавии Маҷмааи Умумӣ бахшида ба 25–умин солгарди Конференсияи Пекин оид ба масъалаҳои занон суханронӣ менамоям.

Эъломияи Пекин ва Платформаи амал дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат намудан ба баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон дар тамоми олам мақоми муҳим дорад.

Тули 25 сол музаффариятҳои зиёд ба даст омада шумораи ҳар чӣ бештари занон ва духтарон дар ҳаёти иҷтимоии соҳаҳои сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёт иштирок менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини баробарии гендерӣ дар кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

Бо мақсади ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва оила дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми ниҳодӣ оид ба масъалаҳои беҳтарсозии вазъи занон – Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуда аст.

Масъалаҳои таъмин намудани баробарии гендерӣ дар тамоми санадҳои стратегии рушди кишвар ворид гардида, беш аз 40 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо дарназардошти усулҳои гендерӣ қабул гардиданд. Инчунин, ҳамоҳангсозии амалҳо барои татбиқи сиёсати гендерӣ амалӣ гардида, сиёсати чораҳои муваққатӣ ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ нисбати занон татбиқи худро ёфтанд.

Амалигардонии барномаҳои роҳбарӣ, ҷудо намудани грантҳои Президентӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон, квотаҳо барои мактабҳои олӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, дастгирии духтарон бо идрорпулиҳо, таъсисдиҳии Марказ барои духтарони ятим, дастгирии модаршавии бехавф ва саломатии занон дар фаъолгардонии нақши зан дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб намуд.

Тоҷикистон «Рӯзнома дар самти рушди устувор» то соли 2030-ро тасдиқ намуд. Инчунин Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи 2030 қабул карда шуд, ки дар он самтҳои асосии ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор бо назардошти баробарии гендерӣ то соли 2030 муайян гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки бо назардошти пайдоиши пандемияи COVID-19 барои итттилоотонии занон, пешгирии зӯроварӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳамкорӣ бо Агентиҳои СММ дар кишвар корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотонӣ бо занон ва оилаҳо дар маҳалҳо анҷом дода шуданд.

Ба ақидаи мо, таҷрибаи пандемияи COVID-19-и идомаёбанда аҳамияти ҳаётан муҳим будани пешбурди ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инъикос намуд ва ҳамчунин зарурати ҷиддии шакли нави ҳамкориҳоро айён сохт.

Бо назардошти ин, даъват ба амал меорем, ки аз тамоми имкониятҳои ҳамкорӣ, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ истифода бурда, барои баробарии гендерӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои занон дар пешбурди рушди устувор такони тоза бахшем.

Ба диққататон ташаккур.

Поделиться в