Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маъракаи тақдирсоз

06 октябри 2020, сешанбе

 

Ба истиқболи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондаанд. Ба хотири таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, махсусан занону бонувон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаи Бедили ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Қайд карда шуд, ки имрӯз миллату давлат, аҳли ҷомеа ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нерӯю қувваи созанда, ташаббусҳои бунёдкорона омодагии ҳамаҷонида дида истодаанд ва итминони комил бар он дорем, ки шаҳрвандон ва махсусан, занону бонувон ба номзади арзанда, ки тақдири халқу миллат ва давлатро барои 7 соли минбаъда муайян мекунад, райъи худро медиҳанд. Ва албатта, интихоби ҳар яки мо фарзанди фарзонаи модари тоҷик, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо сиёсати сулҳхоҳонааш ба дастовардҳои беназири миллӣ - сулҳу субот, Ваҳдату Истиқлолияти комили Ватан ноил гардидем ва ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузошта истодаем. Иштирокдорони вохурӣ дар суханронии хеш аз дастоварду муваффақиятҳо дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, саҳми сокинони мамлакат дар вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ андешаронӣ намуда, зикр доштанд, ки маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик марҳилаи тақдирсоз буда, он дар фазои тантана бояд баргузор карда шавад. Дар фарҷоми вохурӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Ҳама ба интихобот» ва «Зан ва интихобот» тақсим карда шуданд.

Поделиться в