Пешвои мо – интихоби мо
Санаи 7 октябри соли равон дар ҳошияи Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба пешбарӣ намудани номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон ҳамоиши ҷавондухтарони Тоҷикистон зери шиори “Интихоби мо Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ., Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, собиқадори меҳнат Латофат Насриддинова ва ҷавондухтарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш изҳороти ҷавондухтарони Тоҷикистон қабул гардида, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзади арзандаву беназир якдилона тарафдорӣ намуданд.