Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ИЗҲОРОТ АЗ ҲАМОИШИ ҶАВОНДУХТАРОН ЗЕРИ ШИОРИ “ИНТИХОБИ МО – ПЕШВОИ МО”

08 октябри 2020, панҷшанбе

Имрӯз мо, ҷавондухтарони баландиқболи Тоҷикистон, бо эҳсоси ҳувияти волои ватандӯстиву хештаншиносӣ иқдоми Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба пешбарии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии наҷотбахши миллат, эъмори давлатдории миллии тоҷикон, қосиди сулҳ дар рӯи ҷаҳон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.  

Яке аз чунин тадбирҳо соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” буд, ки пеш аз ҳама боиси беҳтар шудани мақому манзалати мо, занону ҷавондухтарон дар ҳаёти ҷомеа гардида, занону духтарон ҳамчун нерӯи созанда ва ташаббускор ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гардиданд. 

Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон бори аввал соли 1995 тоҷикзанон дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин ширкат варзиданд, ки ин барои бонувони тоҷик боиси ифтихор ва самараи амалишавии заҳматҳои Пешвои миллат буд.

Самараи Истиқлолият ва талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз ҷовондухтарону занони тоҷик аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ садо баланд намуда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва аз музаффариятҳои худ ифтихор менамоянд.

Бо хираду иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар самти боз ҳам мавқеи устувор доштани занону бонувон як қатор қонуну стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидиданд, ки дар пешравӣ ва иштироки фаъолонаи занону бонувон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат заминаи воқеӣ гузоштанд.

Таъкидҳои пай дар пайи Сарвари давлат зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ва соҳибмаърифат гардидани онҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарон аз ноҳияҳои дурдаст, ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба шуғл ва касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ғамхорӣ нисбати солимии модару кӯдак аз чораҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардидани вазъи занону ҷавондухтарон таккони ҷиддӣ бахшидааст. Ин дастгирӣ имкон медиҳад, ки занону духтарони деҳот фаъолияти худро дар риштаҳои гуногуни соҳибкорӣ бомуваффақият ривоҷ диҳанд.

          Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон зиёда аз даҳ ҳазор нафар духтарони деҳоти дурдаст бо квотаи Президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҳамзамон, ҳазорон нафар духтарон тибқи квота дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

         Дар баробари ин, ҷиҳати дастгирии ятимдухтарон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар шаҳри Душанбе хобгоҳи «Сарвар» барои донишҷӯдухтарони тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда таъсис дода шуда, ҳамасола духтарони деҳоти дурдастро ба таълиму тадрис фаро мегирад.

Дар робита ба ин, қайд намудан зарур аст, ки иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишвар, бахусус Президенти кишвар, Пешвои миллат хусусияти устувор дошта, пеш аз ҳама ин нишона аз эътимоди Роҳбари давлат ба нерӯ, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати занону духтарон мебошад, ки аз ҷониби Пешвои миллат беҳтарин баҳоро сазовор гардиданд.

Аз ин рӯ, талошҳои пайвастаи занону ҷавондухтарони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона  дар рушду нумӯи кишвари азизамон шаҳодати онанд, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ҷавондухтарони тоҷик бо ифтихор аз Пешвои худ сухан мекунанд.  Пешвои маҳбуб, худогоҳу хештаншинос, меҳнатдӯсту меҳанпараст, ҳифзкунандаву созанда, баору бономус ва кафили амнияту сулҳу субот, ки бо донишу малака, азму талош, масъулияту ташаббус ва иродаи мустаҳкам тавонистанд дар ташкили давлатдории навини тоҷикон асос гузоранд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаву тақдирсози фарзанди сарсупурдаи милат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандӣ ва пирӯзиву ғурури миллӣ падидор аст.

Ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, онро фарзанди фарзонаи миллат устуворӣ бахшид ва такягоҳи тоҷикони ҷаҳон сохт.

         Зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайкораш рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст, умеду ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷомаи амал пӯшонид.

         Мо, ҷавондухтарони Тоҷикистон, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беҳамто дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ, сулҳу субот ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.

Ба хотири ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот, оромӣ, гул-гулшукуфоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизмон аҳлона заҳмат кашида, эҳтиромона аз номи тамоми ҷавондухтарони Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем ва ба ҷонибдорияшон якдилона овоз медиҳем.

Поделиться в