Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пирӯзӣ муборак, абармарди майдони сиёсат!

12 октябри 2020, душанбе

  Хушхабар! Хушхабар! Хушхабар! Бо гирифтани 90,92% овозҳои интихобунандагон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Модарони тоҷик ба ғолибияти Пешвои маҳбуб, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин набарди сиёсӣ боварии комил доштанд ва ин ғалабаро бо меҳру вафо ва садоқату муҳаббати модаронаву хоҳарона ба Пешвои миллат, ба халқу миллати шарафманди тоҷик ва тоҷикзабонони дунё муборак мегӯянд. Занону модарони баландиқболи тоҷик дар маъракаи муҳими интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузор намудани ин чорабинии ҳаётан муҳим саҳми назаррас гузошта, ба номзади арзанда, қаҳрамонфарзанди миллат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи худро доданд.

 

Поделиться в