Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо роҳбари Дафтари барномавии САҲА

13 октябри 2020, сешанбе

Санаи 13 октябри соли 2020 мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдуҷабор бо роҳбари Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафир ҷаноби Валериу Кивер баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбути сиёсати гендерӣ ва  пешгирии зӯроварӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ба манфиати муштарак изҳор намуданд.

Поделиться в