Пешгирии омилҳои номатлуб
Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” бо иштироки Директори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф”, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияи Кушониён ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳаракатҳои ифротгароӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода З.Қ., вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ба эътидол овардани муносибатҳои оилаҳои зери зуроварӣ қарордошта сухан намуд. Директори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” Додоева Малика дар мавзӯи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳаракатҳои ифротгароӣ" баромад намуда, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вобаста ба мавзӯи болозикр андешаронӣ намуд. Иштирокдорони мизи мудаввар мавзӯъҳои зикршударо мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт таҳияшуда пешниҳодот манзур намуданд.