Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии тамоюли бегонапарастӣ дар ноҳияи Рашт

15 октябри 2020, панҷшанбе

       Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирии тақлид ва тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона, пешгиии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, созандагию бунёдкорӣ, дар байни занону бонувони ҷамоати шаҳраки Ғарм суҳбатҳои сарироҳӣ баргузор намуд.
       Маврид ба ёдоварист, ки шуъбаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо шуъбаву бахшҳои дахдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба масоили доғи рӯз пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ба эътидол овардани муносибатҳои оилавӣ бо усули фардии “хона ба хона” суҳбатҳои муфид анҷом дод.

Поделиться в