Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дасти зан гул аст

15 октябри 2020, панҷшанбе

          Бонувони вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти оқилона истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ тадбирҳои муҳим андешида, ҳар як бонуи оила аз меваю сабзавотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза шарбату хуришҳо омода намуда истодаанд. Мавриди корбарӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолзанони вилоят ба консервакунии меваву сабзавот аз ҳисоби қитъаи замини наздиҳавлигии худ даъват гардида, айни замон ҳар як оила зиёда аз 100 банка  консерва маҳкам намуда аст.

Поделиться в