Зан ва ободӣ
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва фаъолзанони ноҳия бо ҷалби занону бонувони хонанишин ҷиҳати тозаву озода намудани кӯчаву паскӯчаҳои атрофи хонаҳои истиқоматӣ ҳашари дастаҷаъмона ташкил гардид. Дар ин раванд оид ба ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳои ороишӣ дар гармхонаҳо, таъмири хонаю дар, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, риояи талаботи санитарию гигиенӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми Covid-19 бо сокинони ноҳия суҳбатҳоту мулоқотҳо гузаронида шуданд.