Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДАСТГИРИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ

15 октябри 2020, панҷшанбе

        Дар ҳошияи дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони деҳот низ дар баробари дигар бонувони соҳаи сиёсат, иқтисоду фарҳанг дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузошта, бо фаъолияти пурсамари худ мавқеи намоён касб намудаанд.
         Ба хотири таъмини боз ҳам иштироки фаъоли занони деҳот дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои муассир андешида шуда, бо мақсади таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оилаҳои онҳо чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва кишоварзӣ, марказҳои хизматрасонии бонувон ва марказҳои ҳунармандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
         Бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани занону бонувони деҳот аз соли 2006-ум то инҷониб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои Президентӣ таъсис дода шуда, ҳамасола шумораи зиёди занони деҳот дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, чорводорӣ, занбуриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳунармандӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулбурӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кулолгарӣ ва ғайра аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти Президентӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.
         Дар баробари ин, занону бонувони чирадасти деҳот дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми шоиста дошта, армуғонҳои нодири ватаниро барои меҳмонони дохилу хориҷи кишвар омода ва пешниҳод менамоянд. 
 Инчунин, сарварии 38010 хоҷагиҳои деҳконии кишварро занони деҳот ташкил намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши босазо доранд.
        Нақш ва мавқеи занону бонувони деҳот дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва таъмини иштироки боз ҳам фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
        Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли занону бонувони меҳнатқарини деҳотро ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот табрику таҳният гуфта, дар меҳнати пурзаҳмати ҳаррӯзаашон бурдбориҳо таманно менамояд.

Поделиться в