Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ

16 октябри 2020, ҷумъа

       Ба мақсади дастгирии занону бонувони ҳунарманди деҳот аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод намоиш – фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар намоиш – фурӯш маҳсулоти ҳунари занону бонувони чакандӯз, сӯзанидӯз, гулбур, дӯзанда, попурдӯз, кулолгар ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби иштирокдорон ва меҳмонон баҳои баланд гирифт. Намоиши коркард ва консервакунонии меваю сабзавоти тоза ба чорабинӣ таровати дучанд зам намуд.

Поделиться в