Тренинги омӯзишӣ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 августи соли равон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) ҷиҳати иҷрои бандҳои 4.8.2.11 матрисаи амалиёти “Барномаи миёнамуҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва зербанди 1-уми банди 3–и “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” тренинги омӯзишӣ “Истифодаи самарабахш аз имкониятҳои ВАО дар пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо намояндагони мақомоти кор бо занон ва оилаи иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Данғара ва Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор намуд.
Тренери миллӣ муовини редактори рӯзномаи “Хатлон” Маъмурзода Носирҷони Маъмур бо ташкилкунандагони чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб ҷиҳати кам намудани шиддати зӯроварӣ тавассути истифодаи имкониятҳои ВАО-ро фаҳмонида, қайд намуданд, ки истифодаи ин усул барои кам намудани зӯроварӣ дар оила назаррас мебошад.