Саҳми бонувон дар ҷашни Меҳргон
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих ҳамчун рамзи тирамоҳи зарнисор, иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни иди Меҳргонро бо як болидарӯҳӣ, густурда намудани хонҳои пурнеъмат ва созу суруд таҷлил намуда, намоиши ҳунарҳои дастии занону бонувони меҳнатқарини кишварро, аз қабили меваю сабзавотҳои консервакунонидашуда: себ, анор, ангур, анҷир, шафтолу, тарбузу харбуза ва амсоли инҳо ба маърази тамошо гузошт, ки он аз ҷониби меҳмонон ва иштирокдорон баҳои баланд гирифт.