Гуфтугӯи мустақим
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону бонувон, фаъолгардонии нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъияти кишвар, ҷалби духтарон ба зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, нигоҳ доштани арзишҳои фарҳанги хонаводагии тоҷикон ва пешгирии зуроварии хонаводагӣ Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Ҳочазода, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Исфара Шаҳло Абдуманонова, шаҳри Гулистон Раҳматова Ойниссо ва ноҳияи Шаҳристон Отамуродзода Гулнора дар барнома – гуфтугӯи мустақими телевизионӣ ба саволҳои сершумори тамошобинон вобаста ба мавзӯъҳои болозикр посух дода, аз боби пешгирии омилҳои номатлуб, ки ба халалдор намудани авзои солими ҷомеа ва пошхӯрии оила оварда мерасонанд, ибрози андеша намуданд.