Мулоқот ба хотири солимӣ ва пешрафти ҷомеа
Дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина Қадамшо бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ҳисор оид ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, зӯроварии хонаводагӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои сироятии ВНМО, коронавирус, пешгирии терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва роҳҳои пешгирии бадахлоқии аъзоёни ҷомеа, ки рӯзҳои охир мавриди ташвиш қарор гирифтаанд, доир гардид.
Зимни мулоқот бо зиёда аз 200 нафар сокинони шаҳр аз ҳисоби фаъолон, собиқадорони меҳнат, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, эмомхатибон вобаста ба масъалаҳои болозикр музокираҳои судманд суръат гирифта, роҳҳои ҳал ва пешгирии омилҳои номатлуб мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди анҷоми мулоқот муовини Раиси Кумита аз сехи дӯзандагӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои деҳаи Ҳосилот, ки аз ҷониби соҳибкор Маҳмадқулов Меҳроҷиддин сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, дидан намуда, бо 8 нафар занону бонувоне, ки дар он фаъолияти чевариро ба роҳ мондаанд, суҳбати озод анҷом дод.