Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар чор давр баргузор гардида истодааст.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он аъзои ҳайати комиссияи озмунӣ буда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи занону бонувон дар ҳамаи даврҳои озмун тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 20.10.2020 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и шаҳри Душанбе баргузор намуда, дар кори он муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин даври озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар панҷ номинатсия баромад намуда, иштироки 27 нафар занону бонувон аз ноҳияи И.Сомонӣ, 41 нафар аз ноҳияи Шоҳмансур, 18 нафар аз ноҳияи Фирдавсӣ ва 28 нафар занону бонувон аз ноҳияи Сино дар ин чорабинии адабӣ – фарҳангӣ таъмин гардид. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то 23 октябри соли равон идома ёфта, ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мегарданд.