Суҳбату вохӯриҳои судманд
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрии судманд баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ дар баробари масъалаҳои болозикр вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили зӯроварӣ дар оила, ба эътидол овардани муносибатҳои оилавии оилаҳои зери зуроварӣ қарордошта, пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин захира намудани маводи хӯрока дар фасли зимистон ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист суҳбати ошкоро доир гардид.