Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ

23 октябри 2020, ҷумъа

      Рӯзи 20 октябри соли 2020 ҷаласаи маҷозии мансабдорони баландпояи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва машваратҳои соҳавӣ баргузор шуд, ки дар он кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои рафти татбиқшавии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ то соли 2030, таҳқиқоти соҳаи тандурустӣ, стратегияи соҳаи сайёҳӣ, стратегияи гендерӣ ва мавзӯи конфронси навбатии сатҳи вазирон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Поделиться в