Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи минтақавии коршиносони САҲА

23 октябри 2020, ҷумъа

        Рӯзи 22 октябри соли 2020 ҷаласаи маҷозии минтақавии коршиносони САҲА оид ба барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор шуд, ки дар он кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
        Иштирокдорони ҷаласа атрофи чораандешиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дастгирии ҷабрдидагони зӯроварии гендерӣ табодули афкор намуданд.

Поделиться в