Вохурӣ дар шаҳри Ваҳдат
Дар асоси нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуб миёни занону бонувон, махсусан бадахлоқии занону духтарон ва гаштугузори бемавриди шабонаи онҳо рӯзи 23 октябри соли 2020 дар шахри Ваҳдат бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур фаъолзанон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони раисони чамоатҳо, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳаллаои шаҳр, дар маҷмӯъ 150 нафар иштирок доштанд.